Таъмири наздик 100 км роҳҳо дар Хуҷанд

6
5 238 просмотров

roh-4Соли равон дар Хуҷанд ба масоҳати 96,8 км роҳҳои кӯчаҳои шаҳр, аз ҷумла 43,7 км аз таъмири капиталӣ ва 53,1 км аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.

Ин нукта зимни баргузории иҷлосияи маҷлиси вакилони шаҳри Хуҷанд таъкид гардид.

Ба иттилои Раҷаббой Аҳмадзода, шаҳрдори Хуҷанд дар ин сол ҳамагӣ ба миқдори 2332,9 тонна асфалт хобонида шуд. Инчунин ба андозаи 2000 метри квадратӣ роҳҳои пиёдагард сафолакпӯш карда шуда, ба маблағи 249 ҳазор сомонӣ корҳои рангубори бардюрҳо, кашидани хатти уфуқӣ ва аломатгузории роҳҳо ба сомон расонида шудааст.

Дар ин бора sugd.tj хабар медиҳад.

6 comments

Опубликовать новый комментарий

Также рекомендуем

Ҷоиза ва мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд

 Дар толори қабули расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба истиқболи 27 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани Ифтихорнома ва Ҷоизаҳои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: