90%-и ситораҳои телевизионӣ андоз намесупоранд

0
3 079 просмотров

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон аз андозгурезии ситораҳои санъати тоҷик интиқод намуд.

Давлатзода имрӯз, 25 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, аксари овозхонҳо дар кишвар 200-300 сомонӣ-пули патенташонро намесупоранд. Ӯ инчунин изҳор дошт, ки 90%-и овозхонҳоеро, ки дар телевизион мебинад, наметавонад дар рӯйхати андозсупорандаҳо пайдо кунад.

Раиси Кумитаи андоз ин равандро боиси таассуф хонда, хостори ислоҳи он дар соли нав шуд.

Манбаъ: http://www.ozodagon.com/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Рӯз дар таърих — 10.11.2025

Дар ин рӯзи соли 1945 Федератсияи байналмилалии демократии ҷавонон таъсис ёфт. *** 10 ноябри соли 1961 шаҳри Сталинобод ба шаҳри Душанбе тағйири ном намуд. *** 10 ноябри ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: