347 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Қазоқистон ба Ватан оварда шуданд

0
2 074 просмотров

Имрӯз 347 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бино бар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, бо нақлиёти автомобилӣ ба Ватан баргардонида шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Иқдоми мазкур дар партави дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Қазоқистону Ӯзбекистон, инчунин Намояндагии минтақавии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Осиёи Марказӣ амалӣ гардид.

Бояд тазаккур дод, ки аз 16 марти соли 2020 бинобар эълон гардидани вазъияти фавқулода дар Қазоқистон ва ҷорӣ шудани чораҳои маҳдудкунанда дар Ӯзбекистон бар асари пандемияи COVID-19 барои ворид шудан ба ҳудуди ин ду давлат маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

5 ЛУЧШИХ МАСОК ПРОТИВ ОТЁКОВ НА ЛИЦЕ

Просыпаешься утром и с трудом открываешь глаза. Недосып, скажите вы. Отёки, отвечу вам я. Многие девушки сталкивались с этой проблемой, поэтому сегодня мы расскажем тебе ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: