Усули нави табобати коронавирус дар Россия

0
2 199 просмотров

Дар Россия ба тадқиқоти клиникии усули  нави табобати коронавирус оғоз намуданд. Ин табобат  бо омехтаҳои унсурҳои химиявӣ ва оксиген тавассути  буғ  ба роҳ монда шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба рӯзномаи «Известия» хабар медиҳад, дар ин бора 28 апрел  роҳбари Институти иммунология ва физиологияи  бахши  Урали  АИР,  академик Валерий Черешнев  эълон намуд.

«Табобат бо усули нав дар Коми ва Санкт — Петербург дар худи  беморхона ба роҳ монда шудааст. Он ҷо аллакай ба табобати  беморон шурӯъ намудаанд. Акнун ба беморон дар баробари табобати анъанавӣ, яъне ба таври  сунъӣ дохил намудани ҳаво ба  шуш, ҳамзамон бо усули нави болозикр  низ мадад мерасонанд»,- ин гуфтаҳои олимро иқтибос меорад ТАСС.

Қаблан Черешнев изҳор намуда буд, ки табобат бо буғ метавонад ба ҷараёни беморӣ таъсири мусбат расонда, шиддати онро камтар кунад. Ҳамин тариқ,  омехтаҳои болозикр  даҳонро пур аз оксиген карда,  забон ва ҷоғро  мулоим месозанд. Ба ҷуз ин, дар гармӣ бо ҳарорати  100 дараҷа вирусҳо нобуд мешаванд. Агар буғ танҳо аз ҳавои муқаррарӣ иборат  мебуд,  метавонист даҳони беморро сӯзонад.

27 апрел муовини шаҳрдори Москва Анастасия Ракова дар бораи натиҷаҳои муолиҷаи беморони коронавирус бо истифода аз плазма  сухан гуфт. Ба гуфтаи ӯ, ҳолати маризон хеле беҳтар  гаштааст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор баро имрӯз: 10.06.2022

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: