Исфара: Захираи ангишту ҳезум дар муассисаҳои маорифу тандурустӣ идома дорад

0
3 796 просмотров

Ба санаи 1 июл аз тарафи муассисаҳои маорифи шаҳри Исфара 734 тонна ангиштсанг, 126 м3 хезум захира гардида, дар масоҳати 310 метр корҳои шишабандӣ ба иҷро расидааст. Аз тарафи муассисаҳои тандурустӣ бошад 231 тонна ангиштсанг захира карда шудааст. Ин нукта зимни баргузории Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара таъкид гардид. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттилои муовини аввали раиси шаҳр Содир Қосимӣ бояд, ки дар муассисаҳои маориф 1357 тонна, муассисаҳои тиббӣ 435 тонна, фарҳанг 45 тонна, мактабҳои варзишӣ 10 тонна ва ҷамоатҳои деҳот 25 тонна ангиштсанг захира карда шавад. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии раиси вилоят иттилоъ доданд. 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 23.11.2021

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.2994 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: