Дар бораи боз як инсони аҷоиб. Ҷаноби Меҳран Карим Нассери аз Эрон сокини рақами 1 дар фурудгоҳи Фаронса гашт. Ҳамин хел шуд, ки ӯро дар ватани худ дастгир шуда ба маҳбасе афтод, ки онҷо варо шиканҷа дода, сипас аз онҷо ронданд. Ӯ аз як қатор мамлакатҳои Аврупо поноҳгоҳ хост, вале дар ҳама ҷо ба вай рад мекарданд. Дар мамлакати худаш шиносномаашро гирифтанд, соли 1988 вай ба Фаронса афтод, дар истгоҳи роҳи оҳани Фаронса ҷомадонашро бо тамоми ҳуҷҷатҳояш бидуздиданд. Баъди ин ӯ ба Лондон раҳсипор гашт, аммо аз онҷо ҳам вайро ронданд, аз ин рӯ маҷбур шуд ба Париж бозгардад. Бинобар ин акнун вай ҳамеша дар фурудгоҳ зиндагӣ мекунад. Маблағро ба ӯ баъзан кормандони фурудгоҳ, баъзан мусофирон медоданд. Сипас рӯзноманигорони маҳаллӣ вайро машҳур карданд, ки бо ин корашон ба ӯ барои пулкоркунӣ ба зиндагияш кӯмак намуданд. Аллакай соли 1998 ҳимоягари (адвокати) Нассери ба он ноил шуд, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои ӯро баргардонанд, бо вуҷуди ин вай деворҳои фурудгоҳро, ки барои ӯ наздику зодгоҳӣ гашта буд, тарк кардан нахост.
Тақрибан 20% одамони аз коронавирус шифоёфта пас аз ду моҳ ҷисмҳои бегонаи зидди уфунатро гум мекунанд — коршинос
Тақрибан 15-20% -и беморони аз коронавирус шифоёфта давоми чанд моҳ пас аз шифо ёфтан ҷисмҳои бегонаи зидди уфунатро гум мекунанд. Дар ин бора директори Институти илмӣ-тадқиқотии эпидемиология ...


Нет комментариев