10 адад мошини пахтачинии тамғаи «Ҷон-Дир СР-90» ба Тоҷикистон ворид карда шуд

0
2 852 просмотров

Дар хоҷагии деҳқонии ба номи Эргаш Султони ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, намояндагони мақомоти иҷроия ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия семинари омӯзишӣ оид ба техникаи кишоварзӣ баргузор гардид.

Дар семинар иштирокчиён оид ба фаъолияти мошинаи пахтачинии 4- қатораи тамғаи ХНП-2,4 истеҳсоли Ҷумҳурии Беларус, ки аз ҷониби КВД «Мадад» ба ҷумҳурӣ ворид карда шудаанд, суҳбат намуданд.

Мошинаи пахтачинии ХНП-2,4 аввалин техникае мебошад, ки бо дархости хоҷагиҳои деҳқонӣ сохта, ба хоҷагии ба номи Эргаш Султони ноҳияи Дӯстӣ ворид карда шуд. Он аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии «Стансияи давлатии озмоишҳои мошинҳои Тоҷикистон» мавриди санҷиш қарор гирифтааст.

Соли равон аз ҷониби ҶСП «Ҷунтай-Хатлон-Сен Селю» 10 адад мошинаи  пахтачинии тамғаи «Ҷон-Дир СР-90» истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда, мавриди истифода қарор доранд.

Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Харидории чор ҳавопаймои навъи Embraer

Ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон ният дорад, ки чаҳор ҳавопаймои навъи “Эмбрайер” (Embraer E190-E2)-ро харидорӣ кунад. Дар ин бора Баҳодур Раҳимов, раиси техникии ширкати “Сомон Эйр”, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: