Заминаи таъмини ҳосилнокии баланд дар ғаллакорӣ

0
3 852 просмотров

Имрӯз, 15 сентябр дар ҷамоати Истиқлоли ноҳияи Спитамен дар мавзӯи «Заминаи таъмини ҳосилнокии баланд дар ғаллакорӣ» семинар-машварати вилоятӣ доир мегардад.

Дар семинар-машварат дар мавзӯи «Самтҳои афзун намудани истеҳсоли гандум барои таъмини амнияти озуқаворӣ» муовини Раиси вилоят Сулаймон Зиёев маърӯза хоҳад кард. Дар семинар ҳамзамон ноиб-президенти Академияи илмҳои кишоварзии ҶТ С. Саидов дар мавзӯи «Технологияи парвариши зироатҳои ғалладонаи тирамоҳӣ» баромад мекунад. Иштирокдорони семинар дар қисми амалӣ бо ҷараёни кишти ғалла дар хоҷагии деҳқонии «Арслонбобо» ва бо технологияи омодакунии тухми гандум барои кишт шинос мегарданд.

Дар ин бора http://sugd.tj/index.php/tj/navidi-sugd/5298-2015-09-15-04-40-35 хабар медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷастин Трюдо

Дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: