Ясмина Алидодова ба хотири Аҳмад Зоҳир бо забони форсӣ сароид

0
5 894 просмотров

Ясмина

Ясмина ин сурудро дар рӯзи зодрӯзи овозхони машҳур шодравон Аҳмад Зоҳир сароидааст. «Ман ин сурудро дар рӯзи зодрӯзи сарояндаи нотакрор Аҳмад Зоҳир ба ҳаводори ҳунари ӯ мебахшам. Вай дигар бо мо нест, вале сурудҳояш ҳамеша бо мо мемонанд», — навиштааст Ясмина дар саҳифаи фейсбукии худ ва афзудааст, ки ин нахустин сурудест, ки ӯ ба забони форсӣ иҷро намудааст ва он ҳам дархости волидонаш будааст, ки мухлисони ҳақиқии Аҳмад Зоҳиранд.  Суруди «Бевафо ёрам» — ро Ясмина соле пеш сабт кардааст. «Барои кӯмак ба Торяли Апеш изҳори миннадорӣ мекунам», — навиштааст Ясмина. Аҳмад Зоҳир 38 сол пеш рӯзи 14 июн дар як ҳодисаи суолбарангез ба ҳалокат расид, вале то ҳанӯз бар қалби ҳазорҳо нафар ҳукмронӣ дорад.

алидодоа

Ясмина Алидодова овозхони навраси тоҷики муқими Дубай, ки ҳамагӣ 14 сол дорад, бо чанд забон суруд месарояду, халқи Дубайро мафтуни овози худ кардааст. Ӯ иштирокчии чандин озмунҳои байналмиллалӣ буда, дар зиндагии фарҳангии Дубай фаъолона ширкат мекунад.

  Манбаъ: http://sputnik-tj.com/

Нет комментариев

Также рекомендуем

J.Flex: батареяи каҷшаванда

Ширкати кореягии  Jena баъди тугёни намоиши дисплейҳо ва экранҳои қатшавандаи соли гузашта, боз ҳам ба пеш рафт ва барқтаъминкунак (аккумулятор)-и  J.Flex-ро бо иқтидори 3000 мАч ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: