Воридоти беш аз 200 ҳазор воя ваксинаи намуди «Pfizer» ба Тоҷикистон

0
1 305 просмотров

26 июн дар доираи механизми ҷаҳонии тақсимоти одилонаи ваксинаҳо COVAX ва барномаи тақсимоти одилонаи вояҳои ваксинаҳои зидди COVID-19  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 200 ҳазору 70 воя ваксинаи намуди «Pfizer» ворид карда шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вояҳои ваксинаи мазкур дар анбори махсуси вазорат нигаҳдорӣ шуда, тибқи талабот ба шаҳру навоҳии кишвар интиқол дода мешаванд.

Дар мамлакат бар зидди коронавирус бо ваксинаҳои «Sputnik V», «AstraZeneca», «CoronaVac», «Moderna» ва «Pfizer» эм мекунанд.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифтани шаҳрвандони мамлакат ва дар асоси нақшаи пешбинишуда имрӯзҳо дар тамоми манотиқи кишвар маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории мазкур бомаром идома дорад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ боҳашаматтарин парад дар таърихи Тоҷикистон баргузор мегардад

Паради низомӣ бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки субҳи 8 сентябр дар майдони «Дӯстӣ»- и пойтахт баргузор мегардад, боҳашаматтарин парад дар таърихи Тоҷикистон ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: