Вазорати маориф ва илм дар соли 2024 тамоми хатмкунандагони равияи омӯзгиро ба кор ҷалб менамояд

0
711 просмотров

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 донишҷӯёни курсҳои 4 ва 5-и 16 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳуриро, ки аз рӯйи равияҳои омӯзгорӣ хатм мекунанд, дар асоси шартномаи чорҷониба дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат ба кор қабул намоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Чунин тасмим дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон гирифта шудааст.

Дар робита ба ин, Вазири маориф ва илм шахсони масъулро вазифадор намудааст, ки барои фаъолияти босамари омӯзгорон шароити мусоид фароҳам оварда, хатмкунандагони равияҳои омўзгориро ба кор ҷалб намоянд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Согдийских воспитательниц будет представлять…

В зале образовательного учреждения «Школа для одарённых детей города Худжанда» состоялся финальный тур областного этапа профессионального конкурса «Воспитатель  года» в 2018 году, на котором были ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: