Ҳунарманди Тоҷикистон дар саҳнаи “Евровидение-2019”

0
2 884 просмотров

Ало Алоев, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистони шӯравӣ, доиранавози шинохта аз оилаи маъруфи Алоевҳо дар саҳнаи “Евровидение – 2019” дар Исроил ҳунарнамоӣ кард.

 

Алоеви 83-сола, ки аввали солҳои 90-уми асри гузашта аз Тоҷикистон ба Исроил кӯчид, дар “Евровидение-2019” дар ҳайати гуруҳи Идан Райхел ҳунарнамоӣ кард. Гуруҳи Идан Райхел, овозхони шинохтаи исроилӣ дар даври ниҳоии  “Евровидение – 2019” берун аз озмун ба ҳайси меҳмон барномае пешниҳод намуд.

Олег Фейзов, овозхони шинохтаи тоҷикистонии муқими Олмон,  бо изҳори хушнудӣ навори ҳунарнамоии Алоевро дар саҳифааш бознашр карда, барои ӯ умри дароз таманно намудааст. Ало Алоев соли 1936 дар шаҳри Самарқанд таваллуд шуда, дар ҷавонӣ ба Душанбе омадааст. Ӯ соли 1991 бо хонаводааш ба Исроил кӯчида, ансамбли хонаводагӣ ташкил намуд.Алоев баъди даҳсолаҳои ҳиҷрат соли 2013 аз Тоҷикистон дидан кард ва тариқи телевизионҳо суҳбат намуд. Ӯ гуфт, гарчанде худаш дар берун истиқомат кунад ҳам, қалбаш бо Тоҷикистон аст.

Манбаъ: Sputnik-tj.com

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Теъдоди кӯдакистонҳо 10 адад афзуд

Соли  2014 теъдоди  кӯдакистонҳо дар вилоят 10 адад афзуд. Дар ин бора аз Раёсати маорифи вилоят иттилоъ доданд. Ба иттилои масъулин соли 2014 дар вилоят ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: