Темур Раҳимов ба даври нимфинали Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо роҳ ёфт

0
940 просмотров

Варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар даври чаҳорякниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар Тошканд бар намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Минйонг Кими пирӯз шуда, ба даври нимфинал роҳ ёфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар даври аввал Темур Раҳимов озод буд ва дар даври дуюм намояндаи Словакия Мариус Физелро мағлуб кард.

Дар даври сеюм Темур Раҳимов ҳанӯз дар сонияҳои аввали рақобат бо имтиёзи иппон дзюдочии фаронсавӣ Жосеф Терҳекро шикаст дод.

Дар даври нимфинал Темур Раҳимов бо намояндаи Ҷопон Сайто Татсуро қувваозмоӣ мекунад.

Источник: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қарори нави Раиси вилоят ба тасвиб расид

Қарори навбатии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз 15 августи соли 2018, №346 “Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи таъмиру барқарорсозӣ ва сохтмони иншоотҳои варзишӣ дар ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: