Дирӯз пас аз ба даст омадани розигии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якум ва муовинони қаблии прокурори генералӣ аз вазифа озод ва ба ҷойи онҳо шахсони дигар таъин гардиданд. Ҳамин тариқ, Ҳотам Назарзода муовини якуми Прокурори генералӣ таъин карда шуд. Ба вазифаи муовинони прокурори генералӣ Муҳаммадиброҳим Осимзода ва Валӣ Ваҳобов омаданд. Сафаралӣ Мирзозода муовини прокурори генералӣ-сарпрокурори ҳарбӣ таъин гардид. Дар ин бора khovar.tj хабар медиҳад.
Духтарчаи 10 сола 100 нафарро аз тӯфон наҷот дод
Ин ҳодиса соли 2005-ум рӯй дода буд. Тилли Смитт 10-сола аз Британияи Кабир ҳамроҳи водидайнаш дар Таиланд, дар ҷазираи Пхукет истироҳат мекарданд. Вақте, ки духтарак ...


Нет комментариев