Таҳияи намоишнома аз рӯи асари Еврипид дар Конибодом

0
2 887 просмотров

Дар театри давлатии драмавӣ-мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом намоишномаи нав таҳти унвони «Вакхабонувон» таҳия шуда истодааст.

Тавре аз шуъбаи фарҳанги шаҳр итттилоъ доданд, намоишнома аз рӯи асари драматурги Юнони қадим Еврипид омода шуда, коргардони маъруфи Осиё Авлиёқулӣ Хоҷақулиев ҳоло  ҷиҳати  таҳия  ва ба  саҳнагузории  ин  намоишнома  дар  театри  шаҳри  Конибодом  қарор  дорад.

Муҳтавои намоишнома фалсафаи ҳаётӣ дошта, ғояҳои миллӣ, ахлоқу фарҳанги хоссаи на танҳо як миллат, балки тамоми инсониятро дар бар мегирад. «Вакхабонувон» ном гирифтани намоишнома аз он аст, ки дар намоишнома бештар занон нақш офаридаанд.

Намоишнома дар нимаи моҳи май омода ва пешкаши дӯстдорони ҳунари театрӣ хоҳад шуд.

Дар ин бора sugd.tj хабар медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Нигина Амонкулова удостоена звания Народной артистки Узбекистана

Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев присвоил почетное звание Народной артистки Узбекистана знаменитой таджикской певице Нигине Амонкуловой. Об этом сообщила пресс-служба главы республики. Помимо Нигины, звание Народных ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: