Таҷлили Рӯзи варзишгарон дар шаҳри Хуҷанд

0
4 164 просмотров

Имрӯз дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи варзишгарон бо иштироки собиқадорони соҳаи варзиш, кормандон, мураббиён ва варзишгарон доир гардид.

Дар чорабинии мазкур Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода иштирокчиёнро бо Рӯзи варзишгарон табрик намуда, зимни баромад қайд намуд, ки инкишофи варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва дар ин замина солим гардонидании ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлат ба ҳисоб меравад. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзиш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҷузъи муҳими таркибӣ ва пураҳамияти арзишҳои фарҳангӣ гардида, рушду инкишоф додани он дар байни табақаҳои васеи омма яке аз омилҳои муҳими солимгардонии ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Инчунин қайд гардид, ки бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд беш аз 260 иншооти варзишӣ мавриди истифодабарӣ қарор доранд.

Дар охири мулоқот аз ҷониби роҳбарияти шаҳр 15 нафар собиқадорон ва мураббиёне, ки ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд, бо тӯҳфа ва сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қадрдонӣ карда шуданд.

Манбаъ: Сомонаи Хуҷанд ТҶ   

Нет комментариев

Также рекомендуем

В Венесуэле произошёл государственный переворот

В Венесуэле проходит митинг против правления президента страны Николаса Мадуро. 23 января 2019 года спикер парламента Венесуэлы Хуан Гуаидо самопровозгласил себя временным главой республики на период действия ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: