Таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

0
7 924 просмотров

Аз 18 то 23 сентябри соли равон дар Давлати Кувайт бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати Кувайт ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва пойтахти фарҳанги исломӣ эълон шудани Давлати Кувайт маҳфилҳои фарҳангӣ доир мегарданд.
Дар маҳфилҳои фарҳангӣ Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Саидқул Билолов, ҳунарпешагони Муассисаи давлатии «Мактаби рақсии Зебо Аминзода», ансамбли созҳои миллӣ аз «Кохи Рӯдакӣ», гурӯҳи асбобҳои зарбӣ бо роҳбарии Хайрулло Дадобоев ва пианинонавози ҷавон Ҷаннат Ҳусейнзода санъати тоҷикро муаррифӣ хоҳанд кард.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Манбаъ:АМИТ «ХОВАР»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар 11 моҳи охир ба Тоҷикистон  1554 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид шудааст

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 11 моҳи соли равон ба ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1554 адад техника ва мошинолоти кишоварзӣ ворид гардидааст. Дар ин бора  ба  АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии мамлакат  иттилоъ доданд. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: