Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншудаи Гвардияи Миллии Тоҷикистонро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Тавре аён гардид, кадрҳои даъватшуда ба вазифаҳои роҳбарӣ дар ҳайати фармондеҳии Гвардияи Миллӣ ва ҷузъутомҳои ин воҳиди муқтадири низомӣ таъин шудаанд.
Ҳамаи онҳо кадрҳои ҷавон ва дар айни замон хатмкардагони ду ва зиёда муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дорои таҷрибаи кофии раҳбарию сарварӣ мебошанд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, баланд бардоштани омодагии касбӣ ва низомии афсарон ва ҷузъутомҳои Гвардияи Миллӣ, пурзӯр намудани интизому тартибот, тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадор ва ба тақвияти ҳисси масъулияти ватандорию давлатдорӣ, ҳифзи шоиста аз ҳар як порча сарзамини муқаддаси Тоҷикистони азиз ҳидоят намуд.
Таъкид гардид, ки ҳар яки мо бояд худро соҳибони масъули Ватан ва марзу буми бобоӣ эҳсос намуда, барои рушду нумӯи он ва ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон пайваста ҷаҳду талош намоем.
Экология ва саломатии инсон
Сифати хаёти саломати ва мухити атроф Саломатии одам хамчун намуди биосатсиали на танҳо категорияи биологи Балки нишондихандаи асосии инкишофи чамъият дониста мешавад. Бинобар ин саломатиро ...


Нет комментариев