Таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ»

0
4 161 просмотров

Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баргузории ҷаласаи навбатии худ, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ»-ро баррасӣ карданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар ҷалсаи Шӯро ҳамчунин масъалаҳои ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳо ««Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015», «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда», «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон низ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, аъзои Шӯрои Созишномаи сармоягузорӣ байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҶДММ «Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгтсай Моҳир Семент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, гаҷкартон ва халта дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлонро низ баррасӣ намуданд. Дар ин бора news.tj хабар медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

SAMSUNG GALAXY S6 ВА S6 EDGE-И ФЛАГМАНӢ

Ширкати азими технологии Куриёи Ҷанубӣ смартфонҳои навро пешниҳод кард, ки байни смартфонҳои ширкати Samsung ҷойи фахриро дар соли 2015 ишғол мекунанд. Ҳарчанд ин дасисаро нигоҳ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: