Суғд: Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми вазири корҳои дохилӣ

0
4 974 просмотров

Бо ташаббуси вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон дар шаҳри Хуҷанд таҳти шиори «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ» мусобиқаи кушоди варзишии футболи хурд байни дастаҳои наврасону ҷавонон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ,  корхонаҳо ва идораҳои давлатӣ барои дарёфти Ҷоми вазири корҳои дохилӣ баргузор мегардад.

ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки мусобиқа рӯзи 5 феврал шурӯъ шуда, то 8 феврал давом мекунад. Дар он  4 дастаи наврасон, 4 дастаи ҷавонон ва 10 даста аз сохторҳои қудратии вилоят иштирок менамоянд. Бозиҳо аз рӯи низоми олимпӣ баргузор мешаванд. Дар ин бора khovar.tj хабар медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Родителей оштрафовали на сумму 1 млн 300274 сомони

В соответствии с Законом РТ «Об ответственности родителей за воспитание и обучение детей», статьей 90 Кодекса об административных правонарушениях РТ было составлено 15624 административных протокола. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: