Суаресро расман аз дастаи «Барселона» ронданд

0
1 947 просмотров

«Барселона» аз гузариши  ҳамлагари худ Луис Суарес ба ҳайати «Атлетико» хабар дод. «Атлетико» ба «Барселона» барои гузариши ӯругвайӣ 6 миллион евро дар шакли мукофотпулиҳои гуногун пардохт хоҳад кард.
— Ташаккур, Луис Суарес, барои ин шаш сол! — гуфта шудааст дар паёми «Барселона».
Ёдовар мешавем, ки Суарес аз соли 2014 инҷониб дар ҳайати «Барселона» бозӣ мекунад. Дар ҳайати «каталониҳо»,  Суарес дар ҳамаи мусобиқаҳо 283 бозӣ гузаронида, 198 гол зада, 109 партофти головар анҷом додааст ва 13 ҷойизаро бо бошгоҳ ба даст овардааст.

Манбаъ: Варзиш-Тв

Нет комментариев

Также рекомендуем

Самые длинные ногти в мире

В настоящее время обладательницей самых длинных ногтей в мире считается певица из Лас-Вегаса 45-летняя Крис Волтон под псевдонимом Графиня, которая смогла попасть в Книгу рекордов ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: