Суғд: Озмун «АКСИ ЗЕБОИ КИШВАРАМ».

0
2 168 просмотров

«Акси зебои кишварам» — озмунест, ки миёни аксбардорони касбиву ҳаваскори вилояти Суғд бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021  гузаронида мешавад.

Тавре аз маркази матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз баргузории озмуни мазкур тарғибу муаррифии табиати нотакрору имкониятҳои сайёҳии ин вилоят мебошад.

Ба иттилои манбаъ, озмуни  зикршуда дар як давра гузаронида шуда, тибқи  талаботи низомномаи он расмҳо бояд дар шакли электронӣ пешниҳод карда шаванд. Ҳар як расми пешниҳодшаванда бояд дорои ном ва матни кӯтоҳ (шарҳу тавзеҳи расм) бошад.

Ба ғолибони озмун — барои  ҷойи якум 3000 сомонӣ, ҷойи дуюм 2000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 1000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим мегардад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон беш аз ҳазор чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мешавад

Аз 1 март то 5 апрел дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 1077 чорабинии фарҳангӣ баргузор мегардад. Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати муассисаҳои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: