Сироҷиддин Муҳриддин роҳбари Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

0
1 605 просмотров

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 15 сентябр Роҳбари Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (WFP)  Алберто Корреа Мендесро бино бар поён ёфтани фаъолияташ ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва WFP, аз ҷумла татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ-2), таъмини амнияти озуқаворӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва паст кардани сатҳи хавфи офатҳои табииро баррасӣ намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Алберто Корреа Мендес барои кор дар мамлакат изҳори сипос намуда,  дар фаъолияти минбаъдаи ӯ муваффақият таманно кард.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 12.09.2019

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 9.6911  сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: