«Саноатсодиротбонк» ва «KazakhExport» дар оянда санади ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд

0
831 просмотров

Таҳкими ҳамкории мутақобилан  судманд байни Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноатию содиротии Тоҷикистон /КВД БССТ/ «Саноатсодиротбонк» бо ҶС ШСС «KazakhExport» зимни мулоқоти муовини раиси Раёсати КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» Ш. Муҳиддинзода ва ҳайати ҶС «ШСС «KazakhExport» таҳти роҳбарии Директори иҷроия А.Абилкаиров дар Душанбе баррасӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар КВД БССТ «Саноатсодиротбонк» иттилоъ доданд, дар мулоқот  мусоҳибон масъалаи  ба имзо расонидани Эътиборнома барои сабукии кор ҷиҳати воридот ва содироти молу маҳсулот аз ҷониби соҳибкорони ду давлатро баррасӣ намуданд, ки он бояд дар кӯтоҳтарин муддат ба имзо расонида шавад.

Ҳамзамон зимни мулоқот дурнамои ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки ҷонибҳо ба амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар самти маблағгузории савдо омода мебошанд.

Инчунин гуфта шуд, ки воситаҳои суғуртакунонии содирот, ки аз ҷониби ҶС «ШСС «KazakhExport» пешниҳод мешаванд, яке аз воситаҳои мувофиқ ва самаранок барои гузаронидани амалиёт байни субъектҳои дорои фаъолияти хориҷӣ мебошанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

170 млн для «экономической мощи женщин»

Проект являет собой трехсторонний подход к экономическому расширению прав и возможностей женщин. Несколько дней назад филантроп Мелинда Гейтс заявила, что вместе с мужем Биллом Гейтсом ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: