Рустам Хоҷаев сармураббии дастаи футболи «Хуҷанд» таъин шуд

0
810 просмотров

Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода мураббиёни клуби футболи «Хуҷанд»-ро ба ҳузур пазируфт.

Тавре маълумот дода шуд, ба вазифаи сармурабии дастаи футболи «Хуҷанд» Рустам Хоҷаев таъин гардида, ӯ қабл аз ин ҳам дар ин вазифа фаъолият бурдааст.
Дар гузашта бо роҳбарии Рустам Хоҷаев дастаи «Хуҷанд» медалҳои нуқраи қаҳрамонии кишварро соҳиб шуда, барандаи Ҷоми Тоҷикистон низ шудааст.
Раиси вилоят ба ситоди мураббиёни даста ҷиҳати беҳтар намудани нишондодҳо, дар сатҳи баланд омода намудани бозингарон ба қаҳрамонии лигаи олӣ ва дигар мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ супоришҳо дод.
Ҳамзамон барои таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дар сатҳи зарурӣ омода намудани варзишгоҳҳо, мусоидат ба рушди футбол дар назди масъулин вазифагузорӣ карда шуд.
Манбаъ: ТВ-Варзиш

Нет комментариев

Также рекомендуем

Муассисаҳои фарҳангӣ бунёд ва таъмир мешаванд

Бо мақсади рушди соҳаи фарҳанг ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи мутахассисон «Барномаи сохтмон ва таъмиру тармими муассисаҳои фарҳангии вилояти Суғд барои солҳои 2018-2020» ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: