Рейтинги ФИФА: Тоҷикистон дар зинаи 148-ум

0
6 671 просмотров

Дар рейтинги Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки санаи 4 феврал ба нашр расид, мунтахаби футболи Тоҷикистон бо 196 имтиёз зинаи 148-умро ишғол мекунад.

Миёни 46 дастаи мунтахаби Конфедератсияи футболи Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 26-ум қарор дорад.  Мақоми ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 дар гурӯҳ чунин  аст: Австралия — зинаи 68-ум (510 имтиёз), Урдун — 82-юм (418 имтиёз), Қирғизистон — 105-ум (324 имтиёз) ва Бангладеш — 177-ум (100 имтиёз).

Бозиҳои хотимавии мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи мусобиқаи марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи «В» санаи 24 март дар меҳмонӣ бо тими Австралия ва ва 29 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо дастаи Қирғизистон баргузор мешаванд.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013-ум мебошад. Натиҷаи пасттарин соли 2003 бо касби зинаи 180-ум ба қайд гирифта шудааст.

Источник: http://news.tj/tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ҳамкории Амонатбонк бо Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон

Дар шаҳри Душанбе байни Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва  Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шартнома оид ба шартҳои умумии гузаронидани амалиёти ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: