РАИСИ СУДИ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА ДАСТ АФТОД

0
5 186 просмотров
Акс аз www.tojnews.org

Акс аз www.tojnews.org

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва  мубориза бо коррупсияи   Тоҷикистон нисбат ба раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Шарифзода Раҳим Зариф барои гирифтани пора ба маблағи  7 ҳазор доллари амрикоӣ   парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард.

Шарифзода Раҳим Зариф бо истифода аз мансабаш моҳи августи соли равон ҳангоми баррасии аризаи даъвогии шаҳрванд Ф. Соҳибназаров барои бекор кардани таъйиноти додгоҳӣ, аз вай 7000 доллар талаб карда, ҳудуди 4000 долларро шахсан гирифта, маблағи 3000 доллари боқимондаро тавассути котибони маҷлиси судӣ Ҳ.Ҷ. Ҳабибов ва А.Н. Нусратуллозода аз худ кардааст.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва  мубориза бо коррупсия нисбат ба раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Р.З. Шарифзода ва котибон Ҳ. Ҳабибов ва А. Нусратуллозода парванда ҷиноӣ боз карда, дар ин самт тафтиши пешакӣ идома дорад.

Дар ин бора khovar.tj хабар медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо намояндаи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: