Рӯзи Модарон — Фархунда бод!

0
1 122 просмотров

Рӯзи байналхалқии бонувон, ки ҳамасола таърихи 8-уми март таҷлил карда мешавад, дар худ басо силсилаи таърихро нигоҳ медорад. Иди мазкур дар тамоми мамолики дунё чун рамзи миллӣ, дифоъ аз ҳуқуқу ӯҳдадориҳои занон пазируфта шуда, онро бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.

Бо ин рӯзи баҳорӣ мо кулли кормандони Медиапортали «Тироз»  ҳамаи модарону хоҳаронро ва умуман бонувони азизи тоҷикро бо фарорасии фасли баҳор ва Иди Занон табрику муборак бод намуда, барои ҳамаи Шумо азизон беҳтарин рӯзҳои зиндагиро аз самими қалб таманно дорем. Бигузор шодиву хушбахтӣ дар хар як хонадони зану модари тоҷик ҳамеша шукуфон бошад!

Касри заррин бе зани хуб кулбаи вайрона аст,
Дар биёбон баҳри мард оғӯши зан кошона аст.
Бахти ҳар марди накӯ дар зиндагони ин зан аст,
Зиндагӣ гар зан набошад, мардро ғамхона аст.
Зан бубахшад мардро шириниҳои зиндагӣ,
Ҳар кӣ қадри зан надонад аз хирад бегона аст.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Мунтахаби футболбозони ҷавони Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2016 бо кадом дастаҳо рақобат мекунад?

Дастаи мунтахаби футболбозони ҷавони Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2016 бо дастаҳои Латвия, Русия ва Эстония рақобат мекунад. Ин натиҷа бар асоси қуръакашии мусобиқаи 24-уми байналмилалии Ҷоми ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: