Рӯзи иди саиди Фитр дар Тоҷикистон муайян гардид

0
3 011 просмотров

Рӯзи иди саиди Фитр дар Тоҷикистон панҷшанбе, 13 май муайян гардид. Дар ин бора имрӯз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон қарори дахлдор қабул намуд.

Тавре аз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тибқи қарори мазкур имомхатибон вазифадор карда шудаанд, ки барои расонидани кумаки моддӣ ба мӯҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаву сариштакорӣ мардумро ҷалб намуда, худашон намунаи ибрати дигарон бошанд.

Ҳамчунин дар қарор омадааст, ки шахсоне, ки молашон ба ҳисоб расидааст, метавонанд закоти худро дар баробари фақирону ниёзмандон ба хонаводаи шаҳидоне, ки дар роҳи муҳофизати марзу буми Ватан қурбон шудаанду оилаҳои онҳо бесаробон мондаанд, бидиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки иди Фитр яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон мебошад, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол таҷлил мегардад.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи Иди Рамазон, 13 май рӯзи истироҳат эълон карда шудааст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз 25.09.2017

Имрӯз, 25 сентябр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА    8.8100 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар ташкилоти ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: