Polaroid бар ивази $100 ба фаромӯшсозии Instagram даъват менамояд

0
5 587 просмотров

Дар ИМА фармоишоти пешакии камераи нав барои онҳое, ки орзуи аз рӯйи камераи «ҳарлаҳзаина»-и Polaroid филтри мувофиқро дар Instagram пайдо карда наметавонад, кушода мебошад. Ширкати The Impossible Project ваъда медиҳад, ки моҳи оянда дастраскунии дастгоҳи аксбардории Polaroid OneStep 2-ро, ки дар карточкаҳои ҳарлаҳзаина мебаромада амали  аксбардориро анҷом медиҳад, оғоз менамояд. Кори дастгоҳи аксбардории Polaroid OneStep 2 айнан ба мисли дастгоҳи аксбардории Polaroid OneStep мебошад, ки ҳанӯз дар соли1977-ум баромада буд.

Дизайни дастгоҳи нав дорои танаи пластикӣ, тугмаи калони сурхе, ки ҳангоми пахш кардан сурат гирифта мешавад, хати фараҳбахши махсус мебошад. Вале ҳаст ҷузъиёте, ки бо The Impossible Project монанд мебошад. То вақти ба  бренди маҳбуби Polaroid камераи I-1 муҷаввиз гирифтан, ин намудҷустуҷӯйкунандаи нисбатан қулай ва як қатор индикаторҳои шабакавӣ аз тарафи болоӣ мебошад, ки аз тарафи боло барои сурат дар картридж чӣ қадар  карточка боқӣ мондааст, нишон медиҳад.

Дар ҳар як картридж ҳашт адад карточка мавҷуд мебошад. Шояд ин чиз бисёриҳоро, ки дар теъдоди аксбардорӣ бо ҳаҷми хотираи смартфони худ маҳдудият доранд, дар тааҷуб гузорад. Бо баробари ин  картриджи Polaroid Originals аз формати нави i-Type истифода мебарад ва бо камераҳои ҳақиқии винтажии Polaroid баробар нест. Дар он инчунин картриджҳои рангаву сиёҳу сафедмавҷуд мебошанд, ки арзиши ҳар яки он 16 доллар мебошад. Яъне нархи ҳар як акс 2 доллар мебошад. Аз ин маълум мешавад, ки  арзиши на он қадар гарони муқоисавии худи камера 100 доллари ИМА мебошад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба роҳҳои нави муқовимат ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ҳамоиш гузаронида шуд

10 май дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Роҳу усулҳои нави муқовимат ба ҳизбу ҳаракатҳои динӣ ва экстремистиву террористӣ» ҳамоиши ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: