Парвози номуваффақонаи спутники Amos-6

0
2 804 просмотров

Ҳафтаи гузашта мушак, яъне ракетаи Falcon 9, ки ба ширкати SpaceХ таллуқ дошт, дар майдони кайҳонии Канаверал ҳангоми аз санҷиш гузаронидан таркид. Таркиш ҳангоми гузаронидани санҷиши муҳаррики мушак, яъне ракета ба амал омадааст. Ин аз санҷишгузаронии муқаррарӣ мебошад, ки ҳамеша пеш аз сар додани мушак ба анҷом расонида мешавад.

Мувофиқи гуфтаи ширкат ракета ягон камбудӣ ё ноқисӣ надоштааст. Таркиш бошад, аз сабаби камбудиҳои дар майдони парвоз ҷойдошта сар задааст. Ба гуфти шоҳидони ҳодиса қувваи таркиш чунон сахт будааст, ки он биноҳои дар якчанд километр аз майдони кайҳонӣ воқеъ бударо ба ҷунбиш даровардааст.

Сардодашавии ракета бо спутники Amos-6 ба санаи 3-юми сентябр ба нақша гирифта шуда буд. Вале акнун эҳтимол ба кайҳон сар додани онро ба муддати дуру дароз мавқуф гузоранд. Спутник ба оператори алоқавии Изроил Spacecom таалуқ дошт. Ҳоло оператори алоқавии Исроил бе дастгоҳи қимматбаҳои худ монд, ки он наздики 200 миллион доллар арзиш дошт.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ҷоизаи Манижаи Давлат

Манижаи Давлат (Манижа Давлатова), овозхони маъруф, ки баъд аз тақрибан 11 соли хомӯшӣ охири соли гузашта дубора аз худ ва оҳангҳои наваш дарак дод, барои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: