Озмуни телевизионии “Донак” ҷамъбаст шуд

0
3 876 просмотров

Дар Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят даври ниҳоии озмуни телевизионии “Донак” баргузор шуд.

Озмуни мазкур бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд ва дар даври ниҳоӣ 100 нафар ғолибон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят  дар бахшҳои навозандагӣ, сурудхонӣ ва рақс иштирок намуданд.

Аъзои ҳакамон ба ҳунари иштирокдорон баҳогузорӣ намуда, дар сароидани суруд ҷои аввалро ба Маҳмудҷон Зоҳидов аз шаҳри Хуҷанд, дар озмуни рақс ба Меҳрубон Савридиннова аз шаҳри Исфара сазовор донистанд. Олимҷон Мамадҷонов аз ноҳияи Спитамен навозандаи беҳтарин дониста шуд. Иштирокдорони озмун бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Бояд зикр кард, ки озмуни телевизионии “Донак” бо ташаббуси Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд ва дар ҳамкорӣ бо Раёсати фарҳанги вилоят ва Кумиҷроияи ҲХДТ дар вилоят ташкил карда шуд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Иштироки филми кӯтоҳи «Этюд» дар Фестивали 45-уми байналмилалии Гризлони Олмон

Филми кӯтоҳи бадеии «Этюд»-и Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», ки коргардони он Мумин Латифӣ мебошад, аз  21-24 апрел дар Фестивали 45-уми байналмилалии Гризлони шаҳри Слеби Олмон иштирок мекунад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» коргардони тоҷик ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: