Омодагии мунтахаби наврасони тоҷик ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 идома дорад

0
911 просмотров

Ба хотири мутобиқ шудан ба иқлими маҳаллӣ, қабл аз анҷоми қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Бангкок ҷамъомади даҳрӯзаи тамринӣ мегузаронад.

Сармураббии тими миллӣ Раҳматулло Фузайлов 23 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагарро дар ихтиёр дорад. Дар ҷамъомад даста дар реҷаи тамринии дукарата кор мекунад.

Қобили зикр аст, ки дар Ҷоми Осиё-2023 миёни наврасон, ки аз 15 июн то 2 июл дар Таиланд баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бозӣ мекунад. Рақибони тими мо дастаҳои Чин (16 июн), Арабистони Саудӣ (19 июн) ва Австралия (22 июн) мебошанд. Футболбозони тоҷик ду вохӯрии аввалро дар марҳилаи гурӯҳӣ дар шаҳри Чонбури ва бозии даври охиринро дар Бангкок мегузаронанд.

Бар асоси натоиҷи Ҷоми Осиё-2023 чаҳор тими беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2023 мешавад.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Пять стран вслед за ЕС продлили санкции против России

Пять стран, включая Украину, присоединились к решению ЕС продлить антироссийские санкции еще на полгода, объявила глава европейской дипломатии Федерика Могерини. Она подчеркнула, что Брюссель поддерживает это решение. Черногория, Албания, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: