Ғолибони озмуни “Дастархонороӣ” муайян шуданд

0
3 438 просмотров

Дар тарабхонаи «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни “Дастархонороӣ” баргузор гардид. Ёдовар бояд шуд, ки озмуни мазкур бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, сарфаву сариштакорӣ, камхарҷу сарфакорона, зебову хушхур оростани дастархонҳои ҷашну маросим гузаронида шуд.

Дар озмун кадбонуҳои беҳтарини шаҳру навоҳӣ маҳсули дастони худро ба маъраз гузоштанд.Муовини Раиси вилоят Назира Fаффорӣ ва ҳайати ҳакамони озмун аз дастархони оростаи кадбонуҳои шаҳру навоҳӣ дидан намуда, ҷиҳати камхарҷ ва босарфа гузаронидани ҷашну маросим андешаҳои худро баён намуданд.

Ҳамин тавр дастархони оростаи мардуми ноҳияи Айнӣ сазовори мақоми аввал, дастархондорони ноҳияи Бобоҷон Fафуров ба гирифтани мақоми дуюм сазовор шуда, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд. Ҷои сеюм бошад, ба дастархонороии мардуми Исфарамарз лоиқ ва ғолибон бо туҳфаҳои Раиси вилоят сазовар гаштанд.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд  

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 26.08.2021

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.3260 сомонӣ; 1 евро – 13.3024 сомонӣ; 1 ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: