Дар Бразилия мавсими фестивалҳои анъанавӣ оғоз гардид. Дар шаҳри Рио-де-Жанейро ба шоҳи рамзии фестивал «Момо» мири шаҳр калиди рамзиро супурд. Соли ҷорӣ, ҷашнвораи мазкур ба 450-солагии шаҳри Рио-де –Жанейро рост омад. Ин чорабинии фарҳангӣ на танҳо дар шаҳри Рио-де Жанейро ва СанПаулу, балки дар дигар шаҳрҳои Бразилия бошукӯҳ гузаронда мешавад. Дар ҷашнвора зиёда аз ду миллион нафар иштирок менамоянд. Ҳукуматдорон вобаста ба хушксолии шадид дар баъзе шаҳрҳои Бразилия гузаронидани чунин чорабиниро манъ карданд. Зеро дар минтакаҳое, ки ба хушксолӣ дучор омаданд, норасоии оби ошомиданӣ ва неруи барқ мушоҳида мешавад. Ёдовар мешавем, ки дар Бразилия 80 дарсади неруи барқ ба воситаи обанборҳо истеҳсол карда мешаванд. Дар ин бора jahonnamo.tj хабар медихад.
Қурби расмии асъор барои имрӯз: 17.11.2021
Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.2980 сомонӣ; 1 евро – ...


Нет комментариев