Ноҳияи Б.Ғафуров: Гусели 172 нафар ҷавон ба хизмати ҳарбӣ

0
4 947 просмотров

Дар маъракаи гусели ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати Ватан, ки ботантана дар амфитеатри Қасри Арбоби ноҳия доир шуд, аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 172 нафар ҷавонон сафарбар карда шуданд.
Фармони Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Эмомали Раҳмонро оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар ҷузъу томҳои Артиши миллӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷавонони синни даъватӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ пазируфтанд.
Ин иқдоми неки ҷавонон дар натиҷаи беҳтар шудани шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ, гузаронидани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ байни ҷавонон дар маҳалла, ҷамоати деҳот ва шаҳраки ноҳия роҳандозӣ гардид.
Натиҷаи комиссияи тиббӣ нишон дод, ки ҳамаи ихтиёриён ҷавонони рӯҳану ҷисман солим мебошанд.

Манбаъ: http://khovar.tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Аз 1 сентябр маош, нафақапулӣ ва стипендия зиёд мешаванд

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: