Муноқишаи Неймар бо мухлисон

0
2 326 просмотров

Дар шабакаи YouTube наворе паҳн шудааст, ки дар он футболбози номдору машҳури барзилӣ Неймар мухлисеро мушт мезанад. Ҳодиса пас аз маросими туҳфасупории Ҷоми Фаронса дар майдони «Стад де Франс», пас аз шикасти дастаи Неймар «Пари Сен Жермен» аз тими “Ренн” ба вуқӯъ пайваст. Дар навор дида мешавад, ки Неймар мухлисро мушт зада роҳашро идома медиҳад.

Ба иттилои «Известия» Неймар бо дасташ камераи телефони ҷавонро пӯшиданӣ мешавад ва даъват мекунад, ки ба навор нагирад…, пас аз ин ҷанҷол сар мезанад. Вақти асосии бозии миёни «Пари Сен Жермен» ва «Ренн» мусовӣ бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт. Аз дастаи «Ренна» Эдсон Мешер, гол заду аз “ПСЖ” Дани Алвес ва Неймар. Як голи дигар ҳимоятгари “ПСЖ”, Преснел Кимпембе ба дарвозаи худ ворид кард. Дар қисми пеналти бошад «Пари Сен-Жермен» бо ҳисоби 5:6 шикаст хурд.

Манбаъ: ТВ Варзиш

Нет комментариев

Также рекомендуем

Huawei P20 Pro — беҳтарин смартфони сол

Huawei имсол тавонист гдажети нодиреро ба кор орад: смарфони флагмании P20 Pro тарҳ ва хусусиятҳои олӣ ва асосиаш – аввалин камераи сегона. Навгонӣ соҳиби таърифу ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: