Муниса Ойматова медали тилло гирифт

0
2 913 просмотров

Муниса Ойматова, таэквондочии ҷавони кишвар дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Кумингёнг (G-1) ба гирифтани медали тилло даст ёфт.

Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.Зикр кардан ба маврид аст, ки мусобиқа (Kimungyong Cup International Open Taekwondo Championships) 14 июл оғоз гардида буд ва имрӯз – 17 июл ба анҷом мерасад.

Ба иттилои раиси Федератсияи таэквондо (WT)-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев Муниса Ойматова дар қувваозмоии вазни 49кг миёни ҷавонон баъд аз чор пирӯзӣ ба гирифтани ҷои аввал мушарраф шуд.

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони тоҷик чанде пеш дар мусобиқаи байналмилалии таэквондо “Chuncheon Korea Open G-2” сазовори 3 медал – 1 тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ гардида буданд. Муниса дар он мусобиқа сазовори медали нуқра шуда буд.

Манбаъ: Tajikistan times

Нет комментариев

Также рекомендуем

Мулоқоти Пешвои миллат бо Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» ҷаноби Пиетро Салини

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» ҷаноби Пиетро Салиниро ба ҳузур ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: