Мулоқоти Шараф Шерализода бо мудирони кишварии Бонки ҷаҳонӣ

0
968 просмотров

2 март мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо мудири кишварии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва Туркманистон Озан Севимлӣ ва мудири амалиётии бонки мазкур дар Афғонистон Тони Верхеен бо қароргоҳи муваққатӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба фаъолияти бонк дар Тоҷикистон, раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак, густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика ва тандурустӣ баррасӣ гардид.

Инчунин дар ҷараёни мулоқот иштироки намояндагони Бонки ҷаҳонӣ  дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (Душанбе, 6-9 июни соли 2022) ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Обакон ва роҳҳои мубориза бо он

Шумо бо кӯдаконе,  ки дар рӯй ва баданашон маҳлули сурхчатоб, баъзан кабуд (зелёнка) молидаанд,шояд рӯ ба рӯ шуда бошед. Ин намуди беморӣ обакон (ветрянка, ветрянная ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: