Мулоқоти Сарвазири Қатар бо Прокурори генералии Тоҷикистон

0
2 236 просмотров

Дар пойтахти Қатар- шаҳри Давҳа Сарвазири Давлати Қатар Шайх Абдуллоҳ бин Носир бин Халифа Оли Сонӣ  Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмонро,  ки бо сафари расмӣ дар Қатар қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар заминаи татбиқи амалии натиҷаҳои боздидҳо ва музокироти раҳбарони олии Тоҷикистон ва Қатар зимни мулоқот рушди бемайлони робитаҳои дуҷониба ва фаъолшавии ҳамкории самаранок дар соҳаҳои мухталиф таъкид гардид.

Дар ин робита изҳори боварӣ карда шуд, ки тавсеаи робитаҳои кории прокуратураҳои генералии ду давлат дар таҳкими минбаъдаи ҳамкории судманд ва созандаи Тоҷикистон ва Қатар саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Ҳамзамон мусоҳибон атрофи як зумра масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар намуданд.

Манбаъ:АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Бонки Осиёии Рушд гузаргоҳҳои асосии сарҳадии Тоҷикистонро бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мегардонад

Масъалаҳои марбут ба таҷдиди сохтмони иншоот ва таҷҳизонидани гузаргоҳҳои асосии сарҳадии кишвар бо таҷҳизоти муосири техникӣ дар мулоқоти маҷозии муовини якуми Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати  ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: