Муҷассамаи ёдгорӣ барои қурбониёни садамаи Чернобил бунёд мешавад

0
2 887 просмотров

Дар соли оянда бунёди муҷассамаи ёдгорӣ барои қурбониёни садамаи нерӯгоҳи атомии барқии Чернобил дар яке аз мавзеҳои шаҳри Хуҷанд пешбинӣ гардидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки аз шаҳри Хуҷанд 120 нафар барои бартараф намудани садамаи неругоҳи атомӣ ба шаҳри Чернобил сафарбар гардида, 32 нафари онҳо маюбӣ якумра ба ҳисоб мераванд. Дар баробари ин 16 оила бе саробон монда, то имрӯз 52 нафар аъзои Ҷамъияти «Иттифоқи Чернобил»-и маркази вилоят ҳастанд.

Зимнан, бо мақсади қадршиносӣ аз ҷасорату мардонагии иштирокчиён ва посдории хотираи қурбониёни бартарафкунии садамаи нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил санаи 26-уми апрели соли ҷорӣ дар қаламрави вилоят рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил гузаронида мешавад.

Дар ин бора sugd.tj иттилоъ медихад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Фаъолияти зеристгоҳҳои барқии «Хоруғ» ва «Помир-1» бо иштироки Пешвои миллат оғоз гардид..

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти зеристгоҳҳои барқии «Хоруғ» ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: