Муҳорибаи Макгрегор ва Мейвезер аз рӯи қоидаҳои ММА

0
6 545 просмотров

Қаҳрамони UFC Конор Макгрегор мехоҳад, ки дубора  бо муштзани машҳӯри амрикоӣ Флойд Мейвезер вориди муҳориба шавад. Мусобиқа шояд аз рӯи қоидаҳои ММА баргузор гардад. Ёдовар мешавем, ки тобистони имсол ҳарду варзишгар вориди ринг шуда буданд, ки дар ин рақобати сол муштзани амрикоӣ Мейвезер бо нокаути техникӣ дастболо гардида буд. Хотиррасон мекунем, ки дар рақобат бо Макгрегор Мейвезер 350 миллион доллар даромад дида буд. Ин ғалабаи 50-уми Мейвезер дар корномаи варзишиаш ба шумор мерафт. Макгрегор бошад, аз 24 рақобати ММА дар 21 тояш ғолиб шуда ва дар 3 — тои дигар мағлуб гардидааст. Бояд қайд кард, ки то ҳол замон ва макони баргузории сабқати мазкур муайян нагардидааст.

 

Манбаъ:сомонаи расмии телевизион «Варзиш»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Талибы захватили Кандагар

Радикальное движение «Талибан»* захватило второй по величине город в Афганистане Кандагар — центр одноименной провинции, передает агентство Ассошиэйтед Пресс со ссылкой на местные власти. По заявлению чиновников, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: