Мэйвезер рақиби нави худро муаррифӣ кард

0
782 просмотров

Қаҳрамони собиқи ҷаҳон Флойд Мейвезер барои муборизаи намоишӣ, ки 25 феврал дар Лондон баргузор мешавад, рақиби нав пайдо кард.

Мейвезер дар саҳифаи Instagram гуфт, ки ӯ бо собиқ муборизи MMA ва ситораи телевизион  Аарон «Ҷокер» Чалмерс рӯбарӯ хоҳад шуд.

«Чеҳраи дигар, номи дигар, аммо натиҷа як аст. Мо ҳоло  дар Лондон рӯзи 25 феврал дар “O2 Arena” ба ҳам меоем.  Дар зудтарин фурсат чиптаҳо ҳам  ба фурӯш мебароянд.»

Аҳамият диҳед, ки Чалмерси 35-сола дар ИМА  дар якчанд реалити-шоуҳо ширкат карда буд, ки ниҳоят ӯро машҳур гардонид.

Дар MMA, Чалмерс дар  Bellator мубориза мебурд. Ҳангоми ба нафақа баромаданаш дар соли 2021 рекорди ӯ 5 ғалаба ва 2 бохт буд.

Ёдовар мешавем, ки Мейвезер аслан мебоист бо кикбоксчӣ Лиам Ҳаррисон қувваозмоӣ мекард, вале ӯ ба далели захмӣ аз мубориза даст кашид.

Манбаъ: ВАРЗИШ-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Истанбул татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Туркия дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

15 июн вохӯрии Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул  Мурод Саидзода бо Раиси Палатаи савдои Истанбул Шекиб Авдагич баргузор гардид. Дар ин бора  хабанигори  АМИТ «Ховар» ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: