Месси рекорди худро нав кард!

0
991 просмотров

Месси бо голи задааш ба  дарвозаи “Бенфика” (1:1)  дар доираи бозиҳои даври 3-юми марҳилаи гурӯҳии ЛЧ рекорди худро нав кард.

Дастаи “Бенфика” бошгоҳи 40-ум дар ЛЧ  шуд, ки Месси ба он гол зад. Аз ин пеш рекорд 39 даста буд, ки он ҳам ба Месси тааллуқ дошт.  Дар ҷои дуюм дар ин нишондод Криштиану Роналдуи португалӣ қарор дорад. Роналду ба дарвозаи 38 дастаи гуногуни ЛЧ гол ба самар расонидааст.

Бо як гол ба дарвозаи “Бенфика”, Месси ягона бозигаре шуд, ки дар 18 мавсими Лигаи Чемпионҳо ба задани гол даст меёбад. Лео  аз ҳамлагари “Реал Мадрид” — Карим Бензема, ки дар 17 мавсим гол зада буд, пеш гузашт.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Бахшида ба иди Наврӯз дар муассисаҳои иҷтимоӣ чорабиниҳои идона баргузор мегардад

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дастгирии сарпарастон санаи 17 март бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз дар ҳамаи муассисаҳои иҷтимоӣ чорабиниҳои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: