Машваратҳои сиёсӣ миёни Тоҷикистону Германия баргузор гардиданд

0
3 322 просмотров

Машваратҳои сиёсии навбатӣмиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федералии Германия таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон МузаффарҲусейнзода ва Ваколатдори Вазорати федералии корҳои хориҷии Германия оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи МарказӣМихаел Зиберт  дар Душанбе баргузор гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни муколама маҷмӯи васеи масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Германия дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ, сайёҳӣ ва амниятӣ, инчунин ҳамкории самарабахши ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо оид ба тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ, тавсеаи заминаи ҳуқуқӣ, густариши ҳамкории манфиатовар дар чаҳорчӯби Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ гуфтугӯи судманд намуданд.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сайре ба мамнӯъгоҳи «Даштиҷум»

Мамнӯъгоҳи давлатии табии «Даштиҷум» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1983 дар ҳудуди ноҳияи Шӯробод вилояти Хатлон таъсис ёфтааст. Масоҳати мамнӯъгоҳи давлатии табии ««Даштиҷум» 19700 ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: