Мӯҳлати бозгашти Беллингем ба майдон маълум шуд

0
585 просмотров

Нимҳимоягари «Реал Мадрид» ва мунтахаби Англия — Ҷуд Беллингем бояд, ки фурсатҳои наздик ба майдон баргардад.

Чӣ тавре Marca хабар медиҳад, дар «Реал Мадрид» ҳамаи талошҳоро барҷой мегузоранд, ки футболбози 20-сола то бозии ҷавобии даври 1/8 финали Лигаи қаҳрамонҳо бо «Лейптсиг», ки рӯзи 6-уми март доир мешавад, пурра барқарор шавад.

Қайд карда мешавад, ки бозии наздиктарини дастаи шаҳри Мадрид дар доираи   Ла Лила бо «Валенсия»-ро Беллингем эҳтимолан дар курсиҳои эҳтиётӣ шурӯъ мекунад. Рақобат рӯзи 2-юми март шурӯъ мегардад.

Беллингем аз «Боруссия»-и Дортмунд ба “Реал Мадрид” моҳи июли соли 2023 пайваста, арзиши трансфериаш 103 млн евроро ташкил дода буд. Шартномаи бозигар бо бошгоҳ то тобистони соли 2029 мӯҳлат дорад. Портари Transfermarkt бозигари англисро 180 млн евро нарх кардааст.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Калонтарин намунаи ангораи «Наврӯз-2019»

Калонтарин намунаи Ангораи «Наврӯз-2019» дар саҳни ҳавлии Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон («Тоҷикстандарт») насб гардид. Ба ин хотир дар ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: