Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар асоси барномаи Лира-Сапр доир ба мустаҳкамии биноҳо машғулият оғоз намуд

0
696 просмотров

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзонидани масъалаҳои ҳисоби муҳандисии конструксияи бинову иншоот бо назардошти таъсири сейсмикӣ дар асоси барномаи ЛираСапр машғулияти омӯзишӣ оғоз намуд

Ба иттилои манбаъ, мутахассисон аз Федератсияи Русия муҳандисон ва конструкторони тоҷикро аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тӯли як ҳафта ба омӯзиш фаро мегиранд.

Таъкид гардид, ки пас аз заминларзаҳои шадиди дар давлатҳои Туркия ва Сурия баамаломада бо мақсади санҷиши мустаҳкамии биноҳо ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар бо даъвати Кумита мутахассисон аз Федератсияи Русия ба шаҳри Душанбе омаданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар машғулият масъалаҳои ҳисоби муҳандисии конструксияи бинову иншоот бо назардошти таъсири сейсмикӣ дар асоси барномаи Лира-Сапр омӯзонида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки бо фармоиши Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2023 пас аз заминларзаҳои рӯзҳои охир дар Туркия ва Сурия бо мақсади санҷиши мустаҳкамии биноҳо ва сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар дар мамлакат гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, ба фаъолият шурӯъ намудаанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Самая богатая женщина в мире

О самом богатом человеке наш сайт уже рассказывал. Если вы внимательно читали ту статью, то наверняка могли заметить, что в топ-10 входят практически одни мужчины. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: