Китоби «Варзиш-соҳаи мавриди назари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» ба нашр расид

0
6 330 просмотров

Бахшида ба Соли ҷавонон ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби рӯзноманигори ҷавон Шодихони Назар таҳти унвони «Варзиш — соҳаи мавриди назари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» ба табъ расид.

Kitobi-Varzish-so-ai-mavridi-nazari-Peshvoi-millat-Emomal-Ra-mon-az-chop-baromad

Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, китоб маҷмӯи мақола ва мусоҳибаҳои муаллифро дар бораи ғолибони мусобиқаҳои байналхалқӣ, варзишгарони дорандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дарбар мегирад, ки давоми як сол дар ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба нашр расидаанд.
Ҳамчунин дар сарсухани китоб муаллиф зери сарлавҳаи «Мафҳуми варзиш дар шинохти Пешвои миллат» иқтибосҳоро аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба нақши варзиш дар таъмини тарзи ҳаёти солим ҷой додааст.

 Манбаъ: http://khovar.tj/

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Поступили в обращение мерные золотые слитки Национального банка Таджикистана

Мерные золотые слитки Национального банка Таджикистана (НБТ) весом 5, 10, 20, 50, 100 гр. изготовлены на аффинажном предприятии, имеющем серитификат Лондонской Ассоциации участников рынка драгоценных ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: