Калмурғ паррандаест соҳибчангол

0
3 502 просмотров

Калмурғ — (Aegypius monachus), паррандаест соҳибчангол. ҷуссаи калон ва нӯлу панҷаҳои бақувват дорад. Сараш бемӯй,болаш дароз (750 —780 мм), думаш нисбатан кутох, (350—405 мм), вазнаш 7—11,5 кг (модинааш 7,5— 12,5 кг).641141fb-1198-41f4-aa90-830a7ab1330b_800x600

Рангаш буря баланд. Лонаашро дар болои дарахтони баланд ва баъзан дар шохсорони аз навдаҳои хушкида месозад. Охири март— аввали апрел 1 тухм мегузорад. Тухмро ҳар ду ҷинс зер мекунанд, Чӯҷаҳо дар 3-моҳагӣ паррончак мешаванд. Ҷуфти Калмурғ доимист (як лонаро даҳҳо сол истифода мебаранд).uploadimage

Калмурғ паррандаи лошахӯр аст. Ҷасади ҷонваронро хӯрда, паҳншавии касалиҳои сироятии ҳайвону одамро пешгирӣ мекунад. Солҳои охир дар натиҷаи корам шудани заминҳо, истифодаи пеститсидҳо ва ғайраҳо миқдори Калмурғ кам шудааст.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Замима-шпаргалка барои дуруст гап задан ба рӯзноманигорон кӯмак мерасонад

Дар  факултаи рӯзноманигории Донишогоҳи Давлатии Маскав замимаи мобилии “1000 словоформ”- ро коркард намуданд, ки барои кормандони ВАО-и электронӣ пешбинӣ гардидааст. Барнома барои пойгаҳи Android дастрас ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: