Кӯдакон ва наврасон хавфи аз ҳама ками гирифторӣ ба коронавирус доранд

0
2 064 просмотров

Олимони чинӣ  имконияти сироятёбӣ аз коронавируси намуди навро дар одамони синни гуногун таҳлил карданд. Кӯдакони то 10-сола  ва наврасони  аз 10 то 19-сола нисбат ба дигарон имконияти камтарини гирифтор шудан ба ин бемориро доранд. Дар умум, ҳиссаи ин гуна беморон дар байни сироятшудагон ҳамагӣ 2 фоизро ташкил медиҳад. Ин тадқиқот аз ҷониби маҷаллаи илмии «JAMA» нашр шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора ТАСС бо истинод ба маркази назорати бемориҳо  ва пешгирии ҶМЧ иттилоъ медиҳад.

Тадқиқот  бо маълумот оид ба тақрибан 45 ҳазор ҳолати тасдиқгаштаи беморӣ, ки то 12 феврали соли 2020 гирд оварда шудаанд, асоснок гардидааст. Таҳлилҳо нишон доданд, ки ҳиссаи калонтарин-  86,6% сироятёфтагон ба гурӯҳи синнашон аз 30 то 79  дохил мешаванд. Айни ҳол ин беморӣ  ба кӯдакони то 10-сола 0,9 фоиз, ба гурӯҳи аз 10 то 19-сола 1,2 фоиз  рост меояд.

Муаллифони тадқиқот хулосаҳои қаблии ҳамкасбони худро оид ба он ки хатари беморӣ бештар ба пиронсолон таҳдид мекунад, тасдиқ месозанд. «Вирус  нахуст ба одамони гирифтори бемориҳои музмин, аз қабили нафастангӣ, диабети қанд ва ба беморони дилу рагҳо   таъсир мерасонад» ,- гуфта мешавад дар мақола.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сердце «солнечного клоуна» остановилось: скончался Олег Попов

Легендарный цирковой артист Олег Попов скончался вечером в среду от остановки сердца в Ростове-на-Дону, куда приехал на гастроли из Германии. Попов родился 31 июля 1930 года под Москвой и стал известен широкой ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: